14 ноябри соли 2025 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Палата) бо иштироки роҳбарият ва кормандон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро и.в. Раиси Палата Раҷабзода Ҳайдар Усмон ифтитоҳ намуда, ба иштироккунандагони ҷаласа вобаста ба иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 ноябри соли 1992 баргузор гардид ва оиди дастовардҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва гулгулшукуфоӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери Роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд.
Сипас Раиси Палата дар идомаи сухан кормандонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Муовини якуми Раиси Палата Анваров Насимҷон Наимович маърӯза тариқи рӯнамо оид ба таърихи 16 иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумуҳрии Тоҷикистон - Иҷлосияи тақдирсози миллат пешниҳод карда шуда, дар маърӯза оморҳои рақамӣ оид ба рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери Роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ