Роҳбарият

avatar
Раджабзода Ҳайдар
И. в. Раиси ПСС
Рӯзҳои қабул
сш: 08:00 - 12:00
ҷм: 08:00 - 12:00

Тарҷумаи ҳол

Раҷабов Ҳайдар Усмонович 6 августи соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст

Соли 1995 мактаби миёнаи No14-и шаҳри Душанберо хатм кардааст;

Солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, факултети «Бизнес ва идоракунии муҳандисӣ». Ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ.

Соли 2008 Академияи давлатии моликияти зеҳнии Русияро хатм кардааст;

Таҷрибаи корӣ:

Солҳои 2003-2007 – Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», сардори Раёсати шартномаҳои литсензионӣ ва хизматрасонии патентӣ;

Солҳои 2007-2008 - ҶСК «Телерадиоком», муҳандиси система ва мудири система;

Солҳои 2008-2010. – Маркази технологияҳои иттилоотии Тоҷикистону Ҳиндустон ба номи Бедил, муовини роҳбари;

Солҳои 2010-2012 – Маркази технологияҳои иттилоотии Тоҷикистону Ҳиндустон ба номи Бедил, роҳбари;

Солҳои 2012-2013 – Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», сардори Раёсати автоматика;

Солҳои 2013-2015 – Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», сардори Раёсати бақайдгирии давлатии объектҳои моликияти саноатӣ;

Солҳои 2015-2022 – Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», сардори Раёсати феҳристи давлатӣ ва нашрияҳо;

Солҳои 2022–2025 – муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз январи соли 2025 - иҷрокунандаи вазифаи раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

avatar
Анваров Насимҷон Наимович
Муовини якум
Рӯзҳои қабул
дш: 08:00 - 12:00
чш: 08:00 - 12:00

Тарҷумаи ҳол

Анваров Насимчон Наимович
Муовини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, 

Санаи таваллуд: 18.11.1992
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Маълумот: олӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳо
Донистани забонҳо: русӣ, англисӣ
Вазъи оилавӣ: Оиладор, соҳиби ду фарзанд
Соли 2014 Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ)-ро бо ихтисоси иқтисод хатм кардааст.

Таҷрибаи корӣ:

30.12.2014 24.08.2015 Кордори муваққатии Раёсати баҳисобгирии Бонки миллии Тоҷикистон
24.08.2015 01.09.2015 Кассири муваққатии категорияи 1-уми Раёсати хизматрасонии кассавии Бонки миллии Тоҷикистон
01.09.2015 14.03.2016 Кассири категорияи 1-уми Раёсати хизматрасонии кассавии Бонки миллии Тоҷикистон
01.06.2016 31.12.2016 Кассири Хазинаи марказии пулии Раёсати хазинадорӣ, савдо ва ҳисоббаробаркунии ҶСК «Агроинвестбонк»
05.01.2017 21.09.2017 Мутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ва канцелярии Муассисаи давлатии Маркази иттилооти патентии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
21.09.2017 14.02.2018 Иҷрокунандаи вазифаи мутахассис-коршиноси Раёсати бақайдгирии тамғаҳои моли миллии Муассисаи давлатии Маркази патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
14.02.2018 14.05.2018 Мутахассис-коршиноси Раёсати бақайдгирии тамғаҳои моли миллии Муассисаи давлатии Маркази патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
14.05.2018 12.07.2018 Иҷрокунандаи вазифаи мутахассиси пешбар-коршиноси Раёсати бақайдгирии тамғаҳои моли миллии Муассисаи давлатии Маркази патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
12.07.2018 02.01.2019 Мутахассиси пешбар-коршиноси Раёсати бақайдгирии тамғаҳои миллии Муассисаи давлатии Маркази патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
03.12.2018 17.12.2018 Ёвари раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
17.12.2018 01.02.2019 Мутахассиси пешбар-коршиноси Раёсати экспертиза, сертификатсия ва фаъолияти арзёбии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
01.02.2019 01.10.2019 Сардори Раёсати имтиҳонҳо, сертификатсия ва фаъолияти арзёбии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
01.10.2019 20.11.2020 Сардори Раёсати имтиҳонҳо ва аттестатсияи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
20.11.2020 чонишини якуми раиси Палатаи савдо ва саноати Точикистон