Дастгоҳи марказӣ
Маълумот дар бораи шуъба
Раёсати экспертиза ва сертификатсия фаъолияти худро дар асоси қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Палата ва Низомномаи Раёсат амалӣ менамояд.
Вазифаҳои асосии Раёсати экспертиза ва сертификатсия
- бақайдгирии сертификат дар бораи пайдоиши мол;
- экспертизаи муайян кардани кишвари пайдоиши мол;
- экспертизаи пуррагии молҳо ва маҳсулоти воридотӣ;
- тасдиқ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
- тасдиқи ҳолатҳои форс-мажорӣ (қувваи бартарафнашаванда);
Маълумот дар бораи шуъба
Дар асоси Низомномаи Шуъбаи таҳлил ва дурнамо, ки аз ҷониби Раиси ПСС ҶТ тасдиқ шудааст, ба зиммаи Шуъбаи таҳлил ва дурнамои ПСС ҶТ вазифаҳои зерин гузошта шудаанд:
- назорат ва таҳлили иҷрои нақшаи солонаи фаъолияти ПСС ҶТ;
- ҷамъоварӣ ва таҳлили ҳисоботи семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи сохторҳои Дастгоҳи марказӣ ва палатаҳои минтақавӣ; таҳияи ҳисоботи умумӣ оид ба фаъолияти ПСС ҶТ барои пешниҳод ба Ҳукумати ҷумҳурӣ;
- омӯзиш ва таҳлили санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти ПСС ҶТ;
- дар мувофиқа бо роҳбарият, намояндагии ПСС ҶТ дар семинарҳо ва конфронсҳо;
– иштирок дар тахияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқи оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, инчунин дар таҳияи лоиҳаҳои стратегияҳо, барномаҳо ва консепсияҳо дар сатхи ҷумҳурӣ ва соҳавӣ дар гӯруҳҳои корӣ (дар сатҳи сардори раёсат ё шуъба) дар мувофиқа бо роҳбарият;
- баррасии дархосту пешниҳодҳо, таҳлил ва кор бо мукотибаи воридотӣ;
- шӯъба инчунин дигар ваколатҳоро мутобиқи Оинномаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
Маълумот дар бораи шуъба
Самтҳои асосии фаъолияти Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1. Таъмин ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ
Ташкили мукотибот ва ҳамкориҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо палатаҳои савдо ва дигар сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), кишварҳои хориҷаи дур, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки фаъолияти онҳо ба самтҳои фаъолияти Палата дахл доранд.
2. Шуъба таҳлил ва баррасии пешакӣ, инчунин хулосадиҳии ҳама гуна санадҳои ҳамкориро — аз ҷумла созишномаҳо, ёддошти тафоҳум ва дигар ҳуҷҷатҳои расмие, ки миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва палатаҳои савдои хориҷӣ ё дигар ташкилотҳои иқтисодии хориҷӣ омода мешаванд — анҷом дода, раванди ҳамоҳангсозӣ ва ба имзо расонидани онҳоро бо ҷонибҳои хориҷӣ таъмин менамояд.
3. Иштирок дар таҳия ва иҷрои чорабиниҳои дар асоси протоколҳои маҷлисҳои байниҳукуматӣ
Шуъба дар таҳияи лоиҳаҳои нақшаи чорабиниҳои дар протоколҳои маҷлисҳои байниҳукуматӣ пешбинишуда иштирок намуда, бо дарназардошти самтҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ пешниҳодҳои дахлдорро таҳия ва ба сохторҳои марбута ироа менамояд. Ҳамзамон, оид ба натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳои зикршуда маълумоти лозимаро омода намуда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод мекунад.
4. Иштирок дар таъсис ва фаъолияти Шӯроҳои муштараки соҳибкорон
Шуъба дар таъсис ва фаъолияти Шӯроҳои муштараки соҳибкорон бо кишварҳои хориҷӣ иштирок менамояд. Ҳамзамон, ташкили ҷаласаҳо ва дигар чорабиниҳои марбут ба фаъолияти Шӯроҳоро дар ҳамкорӣ бо палатаҳои савдои кишварҳои шарик ба роҳ монда, онҳоро ҳамоҳанг месозад.
5. Ҳамоҳангсозии фаъолияти намояндагиҳои Палата дар хориҷи кишвар
Шуъба ҳамоҳангсозӣ, назорат ва дастгирии фаъолияти намояндагиҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишварҳои хориҷӣ ба анҷом мерасонад, ҳамзамон барои беҳтар кардани самаранокӣ ва васеъ намудани доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ чораҳои заруриро меандешад.
6. Амалӣ намудани дигар вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти марбут ба Шуъба, ки дар Оиннома ва Низомномаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд.
Маълумот дар бораи шуъба
Бахши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии Палатаи савдо ва саноати Ҷумњурии Тоҷикистон
ташкили ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ
- ташкили тренингҳои таълимӣ барои бахши хусусӣ
-ташкили иштироки соҳибкорони ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии хориҷӣ ва дигар чорабиниҳо
- кори котиботи қисми миллии Шӯрои тиҷоратии СҲШ масъалахои хамкорй бо ИДМ
- масъалаҳои ҳамкорӣ бо Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноатии давлатҳои аъзои ИДМ
- Котиботи Шӯрои рушди тиҷорати электронии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Котиботи Кумитаи рушди нақлиёт ва таъминоти логистикии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Котиботи Кумитаи рушди соҳибкории сабзи назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маълумот дар бораи шуъба
Шуъбаи умумии Палата барои ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо, коркарди мукотибаи воридотӣ ва содиротӣ, назорати иҷрои ҳуҷҷатҳо ва нигоҳдории архив масъул аст.
Маълумот дар бораи шуъба
Вазифаҳои асосии Шуъбаи Муҳосибот
- Мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷорӣ ташкил намудани баҳисобгирӣ
- Дар фаъолияти хоҷагидорию молиявӣ саривақт пешгири намудани руйдодҳои манфӣ, ошкор ва сафарбар кардани захирахои хоҷагидорӣ
- Гузаронидани таҳлили ҳисоби бо таҳвилгарон, харидорон, дебиторон, кредиторон, ҳисоббаробаркуни ҳангоми харид ва фуруши хизматрасониҳо
- Ба амал баровардани назорат аз болои дуруст ва самаранок истифода бурдани маблағҳои пули ва молии ПСС ҶТ
- Дар доираи салоҳиятҳои худ таъмин намудани назорати молиявии ПСС ҶТ
- Ба амал баровардани назорат аз болои рафти иҷрошавии супоришҳо ва тайер намудани ҳисоботҳои ҷамбастии семоҳа, нимсола ва солонаи ПСС ҶТ
Маълумот дар бораи шуъба
Фаолияти намоишгоҳ ва ярмаркаҳо
- Зиёда
аз 30 намоишгоҳ ва ярмарка дар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷ,
аз ҷумла намоишгоҳҳо ва экспозитсияҳои миллӣ
- Чорабиниҳо
дар беш аз 50 кишвар дар ҳамаи қитъаҳо
- Мутахассисони
соҳибихтисос, низоми менеҷменти сифати ISO, таҷҳизоти намоишгоҳии худӣ
- Ташкили
ҳамаҷонибаи намоишгоҳҳо ва ҳалли инфиродӣ
- Намоишгоҳҳои
виртуалӣ, чорабиниҳои конгрессиву намоишгоҳӣ онлайн
«Муассисаҳои ташкили
намоишгоҳҳо назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар сол таҳия
ва тасдиқ менамояд тақвими чорабиниҳои
намоишгоҳиро, ки даҳҳо намоишгоҳҳои бузург ва бизнес-форумҳоро бо иштироки
байналмилалӣ дар бар мегирад. Мутахассисони мо ба Шумо дар интихоби дурусти
намоишгоҳ, ташкили босифати иштироки корхона дар чорабиниҳои намоишгоҳӣ кумак
намуда, маслиҳатҳои касбӣ оид ба омодасозии экспозитсия, ки қодир аст шарикони
эҳтимолиро ҷалб намояд, пешниҳод мекунанд. Дар доираи намоишгоҳ ҳамчунин
хидмати ҷустуҷӯ ва ҷалби шарикони нави тиҷорӣ ба иштирокчиён пешниҳод мегардад.
Самтҳои
фаъолият
- Ташкил
ва баргузории намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо, экспозитсияҳо дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва дар хориҷ
- Ҳамоҳангсозии
фаъолияти намоишгоҳиву ярмаркавӣ дар давлатҳои хориҷӣ
- Ҳамоҳангсозии
фаъолияти намоишгоҳиву ярмаркавӣ дар давлатҳои хориҷӣ