Санаи 03 декабри соли 2025 дар тариқи маҷозӣ 6-умин ҷаласаи солонаи Шӯрои кории Корея – Осиёи Марказӣ баргузор карда шуд, ки дар он роҳбарияти Котиботи Форуми ҳамкории Корея-Осиёи Марказӣ, роҳбарияти Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои Осиёи Макарзӣ, KITA ва намояндагони сохторҳои дахлдори кишварҳои аъзои Шӯро иштирок намуданд.
Дар корӣ ҷаласа и.в. Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Ҳайдар суханронӣ намуда, доир ба имкониятҳои мавҷудбуда дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳои якдигар маълумотҳои мушахас доданд.
Ҳамзамон, баъд аз анҷоми қисмати расмии ҷаласаи болозикр, сессияҳои махсус дар мавзуҳои “Самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар заминаи табдили рақамӣ ва инноватсияи AI” ва “Ҳамкории устувор тавассути нақлиёт ва логистикаи рақамӣ ва инфрасохтори ҳушманд (Smart Infrastructure)” баргузор карда шуд, ки дар онҳо масъалаҳои имкониятҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ тавассути истифодаи пешрафтҳо дар AI ва технологияҳои рақамӣ, бо муҳокимаҳо дар бораи пешрафтҳои охирин ва ҳамкориҳои амалӣ дар байни бахшҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея, инчунин масъалаҳои марбут ба соҳаи нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сессияҳои мазкур намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба мавзӯҳои самти худ марбут тариқи рӯнамо иттилоти заруриро ба иштирокунандагони чорабинӣ пешниҳод карданд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ