ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ АРАБИИ МИСР - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ АРАБИИ МИСР
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ АРАБИИ МИСР

17 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд Томир Фатҳӣ Абдуссалом Ҳаммод баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои араб пайваста густариш дода истодааст.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати тавсеаи робитаҳои мустақими байни доираҳои соҳибкории ду кишварро таъкид намуданд.

Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки ҳарчанд тӯли солҳои охир гардиши савдои миёни кишварҳо тамоюли мусбӣ касб намуда бошад ҳам, аммо иқтидори зиёди истифоданашуда ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми он вуҷуд дорад.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи таъсиси Шӯрои кории муштараки “Тоҷикистон–Миср”-ро ҳамчун механизми пурмаҳсули рушди ҳамкориҳои байни соҳибкорон баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла дорусозӣ, саноати нассоҷӣ ва коркарди пахта, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ бо истифода аз имтиёзҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин густариши ҳамкорӣ дар самти коркарди ниҳоии пахта ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои тиҷоратии ду кишвар иброз намуданд.


Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд