5 ноябри соли 2025 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Палата) бо иштироки роҳбарият ва кормандон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро и. в. Раиси Палата Раҷабзода Ҳайдар Усмон ифтитоҳ намуда, вобаста ба аҳамияти қабули Конститутсия, таърихи қабули он ва моҳияти ин санади олии меъёрии ҳуқуқӣ баромад намуда, кормандонро бо 31- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуданд.
Дар идома аз ҷониби Муовини якуми Раиси Палата Анваров Насимҷон Наимович маърӯза тариқи рӯнамо оид ба таърихи қабули Конститутсия ва аҳамияти он барои рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа як қатор кормандони фаъоли Палата аз дастгоҳи марказӣ ва вилояти Хатлон ва Суғд бо Сипосномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ