ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД - ТПП Республики Таджикистан
Экономика
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

15 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кочмурадов Аймурад Байраммурадович баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи байни ду кишварро таъкид намуда, аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро қайд намуданд.

Раҳмонализода Ф. Р. қайд намуд, ки тӯли солҳои охир бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи сарони кишварҳо ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюли мусбат дошта, новобаста аз он имкониятҳои зиёди истифоданашуда ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба вуҷуд дорад.

Дар рафти вохӯрӣ Раиси Палата масъалаи фаъолсозии фаъолияти Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистонро қайд намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи навбатии Шӯро ва чорабиниҳои ҳамроҳ дар шаҳри Душанбе дар нимаи аввали соли 2026 изҳор намуд.

Илова бар ин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда ва технологияҳои «сабз», инчунин истифодаи иқтидори минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорони Туркманистон баррасӣ гардиданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз намуданд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ


Хабарҳои монанд