Iran Trans Expo — Намоишгоҳи 10-уми байналмилалии нақлиёт, логистика ва соҳаҳои вобаста - ТПП Республики Таджикистан

Iran Trans Expo — Намоишгоҳи 10-уми байналмилалии нақлиёт, логистика ва соҳаҳои вобаста

Iran Trans Expo — Намоишгоҳи 10-уми байналмилалии нақлиёт, логистика ва соҳаҳои вобаста
10–12
Январ 2027

Маълумоти асосӣ

Сана:
10–12 январь 2027
Кишвар:
Эрон
Шаҳр:
ш. Теҳрон
Макони баргузорӣ:
Эрон, Теҳрон
Уровень
Сатҳ:
Байналмилалӣ
Оғози чорабинӣ:
10 января 2027
Шумораи хонандагон:
328

Формат ва ташкилоткунанда

Организатор
Ташкилоткунанда:
Ширкати Samexco (Hamayeshgaran Sam)
Формат
Формат:
Офлайн
Организатор
Манижа Шукурова
Телефон:
+43 664 412 3637
Почта:

Тавсифи чорабинӣ

Аз 10 то 12 январи соли 2027 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Намоишгоҳи 10-уми байналмилалии нақлиёт, логистика ва соҳаҳои вобаста — Iran Trans Expo баргузор мегардад.

Iran Trans Expo майдони байналмилалии касбӣ барои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ буда, намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, соҳибкорон, сармоягузорон, истеҳсолкунандагони таҷҳизот ва коршиносони соҳаро муттаҳид менамояд.

Самтҳои асосии намоишгоҳ:

·         Нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва баҳрӣ

·         Ҳамлу нақли байналмилалии бор ва хизматрасониҳои логистикӣ

·         Инфрасохтори нақлиётӣ, роҳсозӣ ва таҷҳизоти махсус

·         Технологияҳои инноватсионӣ ва низомҳои интеллектуалии нақлиёт

·         Лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ

Намоишгоҳ барои барқарор намудани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ (B2B), рушди ҳамкории соҳибкорон бо сохторҳои давлатӣ (B2G), табодули таҷриба, ҷустуҷӯи шарикони нав ва баррасии лоиҳаҳои муштарак имконият фароҳам меорад.

Ширкатҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва намояндагони ташкилотҳои соҳавии тамоми кишварҳо барои иштирок дар Iran Trans Expo даъват карда мешаванд.