Кумитаи рушди тиҷорати сабз дар назди Палата - ТПП Республики Таджикистан

Кумитаи рушди тиҷорати сабз дар назди Палата

Кумитаи рушди тиҷорати сабз дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон як мақоми коршиносӣ мебошад, ки масъалаҳои зеринро баррасӣ ва муҳокима мекунад:

- масъалаҳои сиёсат ва танзим;

- баррасии стратегияҳои миллӣ;

- баррасии механизмҳои дастгирии лоиҳаҳои сабз, аз қабили тарифҳои имтиёзнок, субсидияҳо ва имтиёзҳои андоз;

- стандартҳо ва қоидаҳо барои технологияҳо ва маҳсулоти сабз;

- масъалаҳои ҳамкории тиҷорат ва ҳукумат дар соҳаи рушди тиҷорати сабз ва такмили он;

- дигар масъалаҳои рушди иқтисоди сабз, ки барои тиҷорат дар Тоҷикистон ҷолибанд.