26 ноябри соли 2026 дар ш. Душанбе Форуми байналмилалии ПЛАС-Форум Digital Tajikistan баргузор мегардад — платформаи касбӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши молиявӣ, савдои чакана, технологияҳои иттилоотӣ ва соҳаи телекоммуникатсияи Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро муттаҳид менамояд.
Форум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Иштирокчиён масъалаҳои мубрами рақамикунонӣ, самтҳои асосии табдили рақамӣ ва дурнамои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд.
Мавзӯъҳои асосӣ:
- Рушди Тоҷикистон — роҳ ба сӯи ҷомеаи муосири рақамӣ
- Хизматрасониҳои электронӣ дар идоракунии давлатӣ ва G2C
- Табдили рақамии низоми бонкӣ, савдои чакана ва хизматрасониҳои давлатӣ
- Рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва хизматрасониҳо
- Финтех ва тиҷорати пардохтӣ
- Дурнамои рушди бонкҳои рақамӣ ва необонкҳо дар Осиёи Марказӣ
- Open Banking ва Open API
- Саноати криптовалюта, блокчейн, шартномаҳои интеллектуалӣ ва токенизатсияи дороиҳо
- Асъори рақамии бонкҳои марказӣ (CBDC)
- Тиҷорати электронӣ, маркетплейсҳо ва савдои чакана
- Биометрия ва муайянсозии фосилавии шахсият
- Амнияти киберӣ ва муҳандисии иҷтимоӣ
- Зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар низоми бонкӣ ва савдои чакана
- Хизматрасониҳои молиявӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд ва миёна
- Амалияи рақамии андозбандӣ
- Таҷрибаи муштариён ва бақайдгирии рақамии онҳо
- Бонкдории исломӣ
- Рақамикунонии бозори коғазҳои қиматнок, маориф, тиб ва дигар соҳаҳо
Инчунин, дигар мавзӯъҳои муҳими табдили рақамӣ баррасӣ мешаванд.
Ҳамзамон бо конфронс намоишгоҳи технологияҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои тиҷоратӣ баргузор мегардад, ки дар он ширкатҳо маҳсулот, хизматрасониҳо ва роҳҳои ҳалли технологии муосирро барои соҳаҳои гуногун муаррифӣ мекунанд.
Макон: Китобхонаи миллии Тоҷикистон, кӯчаи Теҳрон, 5, Душанбе, Тоҷикистон
Сана: 26 ноябри соли 2026
Сомонаи расмӣ ва бақайдгирӣ:
https://plus-global.com/forum/dt
ПЛАС-Форум Digital Tajikistan — ин:
- Барномаи ғании корӣ
- Коршиносон ва мутахассисони амалия аз Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо
- Лоиҳаҳои мубрам ва намунаҳои амалии тиҷоратӣ
- Намоишгоҳи технологияҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳо
- Имкониятҳои самараноки барқарор намудани робитаҳои касбӣ
- Ғояҳои нав, шарикӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ
Бақайдгирӣ кунед ва ба Digital Tajikistan ҳамроҳ шавед!
То мулоқот дар Душанбе дар Форуми байналмилалии ПЛАС-Форум!
Барои иштирок ба ҳайси вакил, маърӯзачӣ ё сарпараст, инчунин барои шиносоӣ бо афзалиятҳо ва имкониятҳои иштирок, ба сомонаи расмӣ муроҷиат намоед:
https://plus-global.com/forum/dt
Ахбор ва навгониҳоро пайгирӣ намоед:
- PLUSworld: https://t.me/plusworld_ru
- Central Asia Monitor: https://t.me/Central_Asia_Monitor
- PLUS Global Forum: https://t.me/plusforum_eurasia
- ПЛАС-Форум «Бизнеси пардохтӣ»: https://t.me/plusforum_moscow_pay
Якҷоя бо ПЛАС дар кишварҳои гуногун тиҷорати худро рушд диҳед!
Шарики чорабиниҳо ва ширкати Рекон/ПЛАС шавед ва маҳсулоту роҳҳои ҳалли худро дар майдонҳои байналмилалии ПЛАС-Форум дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Авруосиё ва дигар минтақаҳо муаррифӣ намоед.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸