Фестивали байналмилалии автомобилронӣ дар биёбони Чӯлистон ва ҷашнвораи фарҳангӣ
Маълумоти асосӣ
Формат ва ташкилоткунанда
Тавсифи чорабинӣ
Корпоратсияи рушди сайёҳии Панҷоби (TDCP) Ҷумҳурии Исломии Покистон
дар санаҳои 3-8 феврали соли
2026 дар ноҳияҳои Баҳавалпур, Раҳимёрхон ва Баҳавалнагари Покистон баргузории 21-умин Фестивали
байналмилалии автомобилронӣ дар биёбони
Чӯлистон ва ҷашнвораи фарҳангиро ба нақша гирифтааст. Ҳадафи ин чорабини пешбурди сайёҳии автомобилӣ
ва эҷоди симои мусоиди
Покистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Тибқи
иттилои ҷониби покистонӣ ин маърака аз ҷониби расонаҳои байналмилалӣ инъикоси васеъ мегирад.
Ҳамзамон
TDCP, барои мусоидат ҷиҳати соддагардонии интиқоли воситаҳои
нақлиётии иштирокдорон дар доираи “Кафолати TDCP/Rahdari” изҳори омодагӣ намудааст.
Маълумоти
бештар роҷеъ ба чорабинӣ дар торнамои https://cdr.tdcp.gov.pk/
мавҷуд аст.
Бо
дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷониби покистонӣ доираи ҳавасманди кишвари моро барои иштирок даъват намудааст.
Чорабиниҳои монанд
Форуми дуюми сайёҳии устувор EXPO 2026
- Кишвар: Покистон
- Шаҳр: Карачи
- Формат: Офлайн