Iran Trans Expo 2026 — Намоишгоҳи 10-уми байналмилалии нақлиёт, логистика ва соҳаҳои вобаста
Маълумоти асосӣ
Формат ва ташкилоткунанда
Тавсифи чорабинӣ
Аз 20 то 22 декабри соли
2026 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Намоишгоҳи 10-уми байналмилалии
нақлиёт, логистика ва соҳаҳои вобаста — Iran Trans Expo 2026 баргузор мегардад.
Iran Trans Expo 2026 майдони байналмилалии касбӣ барои рушди
ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ буда, намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои
нақлиётӣ ва логистикӣ, соҳибкорон, сармоягузорон, истеҳсолкунандагони таҷҳизот
ва коршиносони соҳаро муттаҳид менамояд.
Самтҳои асосии намоишгоҳ:
·
Нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан,
ҳавоӣ ва баҳрӣ
·
Ҳамлу нақли
байналмилалии бор ва хизматрасониҳои логистикӣ
·
Инфрасохтори
нақлиётӣ, роҳсозӣ ва таҷҳизоти махсус
·
Технологияҳои
инноватсионӣ ва низомҳои интеллектуалии нақлиёт
·
Лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва
ҳамкориҳои байналмилалӣ
Намоишгоҳ барои барқарор намудани робитаҳои
мустақими тиҷоратӣ (B2B), рушди ҳамкории соҳибкорон бо сохторҳои давлатӣ (B2G),
табодули таҷриба, ҷустуҷӯи шарикони нав ва баррасии лоиҳаҳои муштарак имконият
фароҳам меорад.
Ширкатҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, соҳибкорон,
сармоягузорон ва намояндагони ташкилотҳои соҳавии тамоми кишварҳо барои иштирок
дар Iran Trans Expo 2026 даъват карда мешаванд.