Рӯзҳои 2–3 ноябри соли 2026 дар шаҳри Осакаи Ҷопон Конфронси якуми Ҷопон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайатҳои соҳибкорӣ ва намояндагони доираҳои тиҷоратии як қатор кишварҳо иштирок намуданд.
Дар ин чорабинии байналмилалӣ ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мусоидат ва ҳамоҳангсозии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тиҷорати сабзи назди Палата ташкил гардида буд, намояндагони 26 ширкати ватанӣ иштирок намуданд.
Дар конфронс намояндагони бахши хусусӣ ва ширкатҳо аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Лаос, Ветнам, Малайзия, Чин, Таиланд, Тимор-Лесте ва Сингапур ҳузур дошта, масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҳошияи конфронс ҳайати соҳибкорони Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳо, ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои тиҷоратии Ҷопон як қатор вохӯриҳои дуҷониба баргузор намуданд.
Зимни вохӯриҳо ҳайати соҳибкорони Тоҷикистон имкониятҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла моҳипарварӣ ва рушди хоҷагиҳои моҳипарварӣ, сохтмони биноҳои баландошёна, энергияи сабз ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин маориф ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ баррасӣ намуданд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар ҷиҳати дастгирии соҳибкории ватанӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ворид гардидани ширкатҳои Тоҷикистон ба бозорҳои нави минтақавию байналмилалӣ фаъолияти худро идома медиҳад.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸