Аз 12 то 14 ноябри соли 2026 дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии «Dushanbe EXPO» Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2026» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии баргузории намоишгоҳ муаррифии доираи васеи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.
Намоишгоҳи мазкур ҳамчун минбари муассир барои муаррифии молу маҳсулот ва хизматрасонӣ дар самтҳои мухталиф, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ ва имконияти бастани шартномаҳои судманд хизмат хоҳад кард.
Иштирокчиёни намоишгоҳ аз давлатҳои Тоҷикистон, Россия, Беларус, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Покистон ва Чин молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва сабук, ҳунарҳои мардумӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ менамоянд.
Ҳамзамон, дар миёни иштирокчиёни намоишгоҳ таҳиягарони таҷҳизоти хизматрасонии автомобилӣ, ширкати инжинирингии дорои давраи пурраи истеҳсолӣ, ки ба лоиҳакашӣ ва истеҳсоли таҷҳизот барои соҳаҳои саноатӣ машғул мебошанд, инчунин ширкатҳои воридкунандагони таҷҳизот ва бунёдкунандаи гармхонаҳо ширкат меварзанд. Инчунин истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷӣ шумораи зиёди молу маҳсулот ва маводҳои кимиёвии маиширо ба маърази тамошо мегузоранд.
Даромад ба намоишгоҳ ройгон буда, он ҳамарӯза аз 12 то 14 ноябри соли 2026, аз соати 09:00 то 18:00 фаъолият менамояд.
Вуруд озод аст!
МАРКАЗИ МАТБУОТИИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН