Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

Иллюстрация

Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ

  1. Таъмин ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ.
    Ташкили мукотибот ва ҳамкориҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо палатаҳои савдо ва дигар сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), кишварҳои хориҷаи дур, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки фаъолияти онҳо ба самтҳои фаъолияти Палата дахл доранд.
  2. Шуъба таҳлил ва баррасии пешакӣ, инчунин хулосадиҳии ҳама гуна санадҳои ҳамкориро — аз ҷумла созишномаҳо, ёддошти тафоҳум ва дигар ҳуҷҷатҳои расмие, ки миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва палатаҳои савдои хориҷӣ ё дигар ташкилотҳои иқтисодии хориҷӣ омода мешаванд — анҷом дода, раванди ҳамоҳангсозӣ ва ба имзо расонидани онҳоро бо ҷонибҳои хориҷӣ таъмин менамояд.
  3. Иштирок дар таҳия ва иҷрои чорабиниҳои дар асоси протоколҳои маҷлисҳои байниҳукуматӣ.
    Шуъба дар таҳияи лоиҳаҳои нақшаи чорабиниҳои дар протоколҳои маҷлисҳои байниҳукуматӣ пешбинишуда иштирок намуда, бо дарназардошти самтҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ пешниҳодҳои дахлдорро таҳия ва ба сохторҳои марбута ироа менамояд. Ҳамзамон, оид ба натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳои зикршуда маълумоти лозимаро омода намуда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод мекунад.
  4. Иштирок дар таъсис ва фаъолияти Шӯроҳои муштараки соҳибкорон.
    Шуъба дар таъсис ва фаъолияти Шӯроҳои муштараки соҳибкорон бо кишварҳои хориҷӣ иштирок менамояд. Ҳамзамон, ташкили ҷаласаҳо ва дигар чорабиниҳои марбут ба фаъолияти Шӯроҳоро дар ҳамкорӣ бо палатаҳои савдои кишварҳои шарик ба роҳ монда, онҳоро ҳамоҳанг месозад.
  5. Ҳамоҳангсозии фаъолияти намояндагиҳои Палата дар хориҷи кишвар.
    Шуъба ҳамоҳангсозӣ, назорат ва дастгирии фаъолияти намояндагиҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишварҳои хориҷӣ ба анҷом мерасонад, ҳамзамон барои беҳтар кардани самаранокӣ ва васеъ намудани доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ чораҳои заруриро меандешад.
  6. Амалӣ намудани дигар вазифаҳо ва самтҳои фаъолияти марбут ба Шуъба, ки дар Оиннома ва Низомномаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд.