Фаолияти экспертизаи молҳо, Сертификатсия ва баҳодиҳӣ
- барасмиятдарории сертфикати тавлиди мол;
- экспертизаи муайян намудани кишвари тавлиди мол;
- экспертизаи сифат, миқдор ва пуррагии молу маҳсулоти воридотӣ;
- тасдиқи ҳуҷҷатҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ;
- тасдиқи ҳолати рафънопазир (форс-мажор);
Экспертизаи молҳо
- Гузаронидани доираи васеи экспертизаи мол барои ҳама гуна мақсад
- Таҷрибаи ғании пешниҳоди хадамоти экспертӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Гурӯҳи мутахассисони баландихтисос аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Хидматҳо дар саросари кишвар дастрасанд: шабакаи намояндагиҳои минтақавӣ ва филиалҳо дар марказҳои вилоятӣ ва ноҳиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои чӣ экспертиза гузарондан лозим аст?
Хатарҳои қабулкунии мустақили мол:
- Бекористӣ ва аз кор баромадани таҷҳизоти технологӣ
- Хароҷот барои корҳои даъвогарӣ
- Фоидаи аз даст рафта
- Аз даст рафтани обрӯи тиҷорӣ
Афзалиятҳои қабулкунии мол бо эксперти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Бартарафсозии хатари норасоии таҳвил ва таҳвили маҳсулоти ноқис
- Имкони худдорӣ аз хароҷоти сафари намояндагони таъминкунанда ҳангоми ба вуҷуд омадани даъвоҳо аз рӯйи миқдор, сифат ва комплектнокии мол
- Эътирофи ҳуҷҷатҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар асоси натиҷаҳои экспертиза тартиб дода шудаанд, ҳамчун далел дар судҳои хоҷагӣ ва ҳакамӣ
- Ҳаллу фасли пешазсудии баҳсҳо
Навъҳои экспертиза
- Муайянсозии мол
- Дигар навъҳои экспертиза
- Санҷиши пеш аз боркунӣ (ҳангоми боркунии мол аз ҷониби содиркунанда)
- Сабти ҳолати бастабандӣ, миқдор ва ҳолати мол ҳангоми супурдан (қабул) ба анбори нигоҳдории муваққатӣ дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Экспертизаи молҳои баргардондашуда
- Экспертизаи сифат, миқдор ва пуррагии молҳои воридотӣ
- Экспертизаи муайян намудани зарар (аз ҷумла дар ҳолатҳои суғуртавӣ)
- Экспертизаи аз даст рафтани сифати маҳсулот (аз ҷумла меваю сабзавот) дар раванди нақлиёт ва нигоҳдорӣ
- Экспертизаи молҳо барои ҳадафҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3 қадам барои гузаронидани экспертиза
Қадам 1
Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо
Пешниҳод кардани ариза барои гузаронидани экспертиза ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо нисбат ба объект(ҳо)
Қадам 2
Бастани шартнома
Бастани шартномаи ҳуқуқи шаҳрвандӣ
Қадам 3
Дарёфти натиҷаҳои экспертиза
Бар асоси натиҷаҳои экспертиза санади (хулосаи) муқаррарии экспертиза тартиб дода мешавад
Сертификати пайдоиши мол чист?
Сертификати тавлиди мол – ҳуҷҷатест, ки кишвари истеҳсолкунандаи молро тасдиқ мекунад ва аз ҷониби мақоми ваколатдори (ташкилоти) давлати иштирокчии Созишнома тибқи қонунгузории миллии он дода мешавад;
Барои гирифтани Сертификат Декларант ба Палатаи дахлдор тариқи низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” аризаи электронӣ пешниҳод менамояд, ки дар он бояд иттилооти зерин қайд гардида бошад (барои дурустии иттилооти мазкур аризадиҳанда масъул аст):
- ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ, ному насаби шахси воқеӣ (соҳибкори инфиродӣ);
- рақам, сана ва номи мақоме, ки шаҳодатнома дар бораи шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродиро (шиносномаи шахси воқеиро) додааст;
- номгӯи мол, шумора ва миқдори он;
- кишвари борқабулкунанда;
- ном ва суроғаи пурраи содироткунанда;
- намуди ҳамлу нақл (воситаи нақлиёт);
- кафолати пардохт;
Сертификат дар се шакл дода мешавад:
- Дар шакли «А» – барои молҳои истифодабарандаи реҷаи имтиёзҳои тарифӣ, ки Қоидаҳои муайян намудани кишвари тавлиди моли кишварҳои дар ҳоли рушд ҳангоми додани имтиёзҳои тарифӣ дар доираи Системаи умумии имтиёзҳо аз 12 апрели соли 1996 муқаррар намудаанд.
- Дар шакли «СТ-1» – барои молҳое, ки реҷаи савдои озодро истифода мебаранд ва ба талаботи муқаррарнамудаи Қоидаҳои муайян намудани кишвари тавлиди мол дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 20 ноябри соли 2009 ҷавобгӯ мебошанд.
- Сертификати «шакли умумӣ» барои ҳама кишварҳои дигар.