15 апрели соли 2026 ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Ҷаласаро Раиси Палата Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ оғоз намуда, масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа дарҷшударо ба аъзоёни Раёсати Палата пешниҳод намуд.
Сипас, оид ба фаъолияти Палата дар семоҳаи якуми соли 2026 Муовини якуми Раис Анваров Насимҷон бо рӯнамо баромад намуда, вобаста ба корҳои дар ин давра анҷомдодашуда ба таври мухтасар ба ҳозирин маълумоти заруриро пешниҳод кард.
Вобаста ба дигар масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа дарҷшуда Раиси Палата Раҳмонализода Ф. Р. суханронӣ намуда, ҷиҳати ҳалли вазифаҳои дар назди Палата вогузоргардида, аз ҷумла ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати кишвар, ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ, мусоидат барои рушди содирот, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, зиёд намудани аъзоён, вусъат додани муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайра таъкидҳои зарурӣ баён намуд.
Дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби раис ба сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони палатаҳои вилоятӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ