18 сентябри соли 2025, дар доираи нахустин Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE), и.в Раиси Палата Раҷабзода Ҳайдар бо Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба сайёҳии назди Сарвазири Покистон ҷаноби Сардор Ясир Илёс Хон мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сайёҳӣ, иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ, инчунин баргузории форумҳои тиҷоратии мушатрак ва миссияҳои соҳибкорон аз ҳарду кишвар баррасӣ шуд.
Ҳамзамон, зимни мулоқот ба меҳмонон маълумот дар бораи фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон пешниҳод гардида, даъват ба амал бароварда шуд то соҳибкорони покистонӣ дар намоишгоҳҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда, аз он ҷумла дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025», ки санаҳои 13, 14 ва 15 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душабе баргузор меградад, ширкат варзанд.