17 сентябри соли 2026 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Форуми иқтисоди рақамии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) нишасти Мизи мудаввар оид ба рушди ҳамоҳангсозии экосистемаҳои рақамии савдо миёни кишварҳои аъзои СҲШ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Мизи мудаввар бо ташаббуси Шӯрои кории СҲШ ташкил гардида, аз ҷониби Муовини Дабири кулли СҲШ Соҳайл Хон ва Котиби иҷроияи Шӯрои кории СҲШ Сергей Канавский раисӣ карда шуд.
Ҳайати Палатаи савдо ва саноати кишвар дар доираи барномаи расмии чорабинии мазкур маърузаи таҳлилиро пешниҳод намуда, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рақамикунонии инфрасохтори соҳибкорӣ, татбиқи заминаҳои инноватсионӣ ва фаъолияти платформаҳои фаромарзии савдои электронӣ муаррифӣ намуд.
Дар оғози суханронӣ намояндаи Палата миннатдории роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Котиботи иҷроияи Шӯрои кории СҲШ ҷиҳати дастгирии доимии ташкилӣ аз ташаббусҳои иқтисодии Тоҷикистон, бахусус баргузории аввалин Намоишгоҳи махсусгардонидашудаи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи СҲШ» ва ҷаласаи Гурӯҳи кории соҳавӣ, ки рӯзҳои 19-20 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаанд, изҳор намуд.
Дар доираи нишасти мазкур, ҳайати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати Котиботи марказиро ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Намоишгоҳ ва ҷаласаи Гурӯҳи кории мазкур дархост намуд.
Ҳамзамон, вохӯрии кории ҳайати Палата бо Котиби иҷроияи Шӯрои кории СҲШ Сергей Канавский доир гардид, ки дар рафти он ҷониби Шӯро омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба сафарбаркунии ширкатҳои логистикиву сармоягузории хориҷӣ ба чорабиниҳои болозикр изҳор намуд.
Дар анҷоми нишасти Мизи мудаввар ҳайати раисикунандаи чорабинӣ бори дигар аз номи Шӯрои кории СҲШ ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми иштирокчиён ва иттиҳодияҳои кишварҳои аъзои Созмон, бахусус ширкатҳои пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои рӯзҳои 19-20 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе банақшагирифташуда даъват ба амал овард.
МАРКАЗИ МАТБУОТИ ПСС ҶТ 📸