Экономика
ҶАЛАСАИ НАХУСТИНИ КУМИТА ОИД БА РУШДИ БИЗНЕСИ САБЗ ДАР НАЗДИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҶАЛАСАИ НАХУСТИНИ КУМИТА ОИД БА РУШДИ БИЗНЕСИ САБЗ ДАР НАЗДИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

29 октябри соли 2025 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Палата) ҷаласаи нахустини Кумита оид ба рушди бизнеси сабз баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар самти рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист фаъолият доранд, ширкат варзиданд.

Ҳангоми ифтитоҳи ҷаласа намояндагони роҳбарияти ПСС ҶТ таъкид намуданд, ки таъсиси Кумита оид ба рушди бизнеси сабз қадами муҳим дар татбиқи Стратегияи давлатии рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037 ба ҳисоб меравад, ки ба гузариш ба афзоиши устувори экологӣ, сарфакорона ва фарогир равона шудааст.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои калидӣ баррасӣ гардиданд, аз ҷумла:

 шарҳи мухтасари Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037;

 роҳҳои рушди иқтисоди сабз ва таъсири он ба бахши хусусӣ;

 нақши бизнес дар пешбурди технологияҳои экологӣ тоза ва истеҳсоли устувор;

 ҷанбаҳо ва меъёрҳои экологие, ки ба баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои тоҷикӣ дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунанд.

Ба масъалаҳои таҳкими институтсионалӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Иштирокчиён аҳамияти ҳамкории зичи байни бизнес, ҷомеаи илмӣ ва сохторҳои давлатӣ дар пешбурди принсипҳои иқтисоди сабзро таъкид намуданд.

Ин ҳамкорӣ бояд ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишӣ, таҳияи пешниҳодҳо барои ҳавасмандгардонии сармоягузориҳои «сабз» ва дастгирии корхонаҳои экологӣ устуворро дар бар гирад.

Палата омодагии худро барои мусоидат намудан ҳамчун минбари муколама байни давлат ва бизнес, инчунин мусоидат ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди сабз дар сиёсати иқтисодии миллӣ изҳор намуд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ


Хабарҳои монанд