Экономика
ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БО ВИЛОЯТИ ҚАЗВИНИ ЭРОН ДАР НАМОИШГОҲИ “ТОҶИКИСТОН – 2025”
ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БО ВИЛОЯТИ ҚАЗВИНИ ЭРОН ДАР НАМОИШГОҲИ “ТОҶИКИСТОН – 2025”

Имрӯз дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон – 2025”, ки дар Маркази намоишгоҳии шаҳри Душанбе “Dushanbe Expo Center” идома дорад, миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо, саноат, маъдан ва кишоварзии вилояти Қазвини Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

    Ҳайати иқтисодию тиҷоратии вилояти Қазвин бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои нави ҳамкорӣ, дарёфти шарикони тиҷоратӣ ва боздид аз фаъолияти ширкату корхонахо ба Тоҷикистон ташриф овард. 

    Меҳмонон зимни боздид аз Намоишгоҳ аз имкониятҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти пешниҳоднамудаи иштирокчиён ошно гардида, омодагии худро чихати ба рох мондани ҳамкориҳо иброз намуданд. 

    Бояд кайд намуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон – 2025” аз 13 то 15 ноябри соли ҷорӣ идома дошта, дар он зиёда аз 60 ширкат аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Покистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Белоруссия, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ молу маҳсулоти худро пешниҳод менамоянд.


Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Хабарҳои монанд