МАРОСИМ КУШОДАШАВИИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛУ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ САЛОМАТӢ ВА ЗЕБОӢ «INTER HEALTH&BEAUTY TAJIKISTAN 2025»
МАРОСИМ КУШОДАШАВИИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛУ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ САЛОМАТӢ ВА ЗЕБОӢ «INTER HEALTH&BEAUTY TAJIKISTAN 2025»

Санаи 22 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии шаҳри Душанбе «Душанбе ЭКСПО» маросими кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ «INTER HEALTH&BEAUTY TAJIKISTAN 2025» баргузор карда шуд.

Намоишгоҳи мазкур бо дастгрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор карда шуда, дар маросими кушодашавии намоишгоҳи мазкур Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, и. в. Раиси Палата Раҷабзода Ҳайдар Усмон ва дигарон иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки намоишгоҳи мазкур аз 22-24 майи соли 2025 аз соати 9:00 то 18:00 фаъолият намуда, дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла аз ширкату корхонаҳо аз Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Лаҳистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо молу маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.
Иштирокчиёни намоишгоҳ дар самтҳои гуногун, аз ҷумла маҳсулотҳои косметикӣ, парфюмерия, кимиёи маишӣ, таҷҳизоти косметологӣ, маҳсулотҳои нигоҳубин ва гигиенӣ, витаминҳо ва иловаҳои парҳези, ғизои варзишӣ, истеҳсоли таҷҳизотҳои тибби, маҳсулотҳои дорусозӣ, таҷҳизоти лабораторӣ, ва ғайра молу маҳсулоти худро ба намоиш ва фуруш пешкаши харидорон ва меҳмонон менамоянд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сокинону меҳмонон, намояндагони толорҳои ороишӣ ва муассисаҳои тиббиро барои дидан намудан аз кори намоишгоҳ даъват менамояд.
Хабарҳои монанд