Фаъолияти Кумита
Кумитаи рушди тиҷорати сабз дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон як мақоми коршиносӣ мебошад, ки масъалаҳои зеринро баррасӣ ва муҳокима мекунад:
- масъалаҳои сиёсат ва танзим;
- баррасии стратегияҳои миллӣ;
- баррасии механизмҳои дастгирии лоиҳаҳои сабз, аз қабили тарифҳои имтиёзнок, субсидияҳо ва имтиёзҳои андоз;
- стандартҳо ва қоидаҳо барои технологияҳо ва маҳсулоти сабз;
- масъалаҳои ҳамкории тиҷорат ва ҳукумат дар соҳаи рушди тиҷорати сабз ва такмили он;
- дигар масъалаҳои рушди иқтисоди сабз, ки барои тиҷорат дар Тоҷикистон ҷолибанд.