Ҷаласаҳои Кумита - ТПП Республики Таджикистан

Ҷаласаҳои Кумита

ҶАЛАСАИ АВВАЛИ КОМИТЕТ ОИД БА РУШДИ БИЗНЕСИ САБЗ ДАР НАЗДИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

29.10.2025

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои калидӣ баррасӣ гардиданд, аз ҷумла:

 шарҳи мухтасари Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037;

 роҳҳои рушди иқтисоди сабз ва таъсири он ба бахши хусусӣ;

 нақши бизнес дар пешбурди технологияҳои экологӣ тоза ва истеҳсоли устувор;

 ҷанбаҳо ва меъёрҳои экологие, ки ба баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои тоҷикӣ дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунанд.

Ба масъалаҳои таҳкими институтсионалӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Иштирокчиён аҳамияти ҳамкории зичи байни бизнес, ҷомеаи илмӣ ва сохторҳои давлатӣ дар пешбурди принсипҳои иқтисоди сабзро таъкид намуданд. Ин ҳамкорӣ бояд ташкил ва баргузории семинарҳои омӯзишӣ, таҳияи пешниҳодҳо барои ҳавасмандгардонии сармоягузориҳои «сабз» ва дастгирии корхонаҳои экологӣ устуворро дар бар гирад.