Ахбор - ТПП Республики Таджикистан

Ахбор

Иштирок дар 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии Синҷон оид ба нақлиёти интеллектуалӣ, инфрасохтори роҳ ва саноати муҳандисӣ

14.05.2026

Аз 12 то 14 майи соли 2026 дар Урумчии Вилояти Мухтори Синҷзян-Уйғур, бо ташаббуси Кумитаҳои рушди нақлиёт ва логистика ва Кумитаи рушди тиҷорати сабз дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки намояндагони ду Кумита, намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон дар намоишгоҳ ва конфронс ташкил карда шуд.

ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҲАЙАТИ ТИҶОРАТИИ КЕНИЯ

09.02.2026

Ҳамчунин фаъолияти Кумитаи рушди тиҷорати «сабз» назди Палата, ки бо ташаббуси он вохӯрии мазкур ташкил гардид, ба ҳозирин ироа карда шуд. Намояндагони ҳайати Ҷумҳурии Кения дар навбати худ дар бораи кишвари худ ва фаъолияти бахши хусусӣ маълумот доданд ва барои густариши робитаҳои корӣ бо соҳибкорони Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

ҶАЛАСАИ АВВАЛИ КОМИТЕТ ОИД БА РУШДИ БИЗНЕСИ САБЗ ДАР НАЗДИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

29.10.2025

29 октябри соли 2025 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи аввалини Кумита оид ба рушди бизнеси сабз баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар самти рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист фаъолият доранд, ширкат варзиданд.